БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНЗИМ – БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ

То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем, хараҷоти беҳудаву зиёдатиро аз байн набарем, ба қабулу тадбиқи баронмаҳои давлатӣ дар масъалаи паст кардани камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои назаррас ва дилхоҳ ноил шуда наметавонем. (Эмомалӣ Раҳмон)

                                                                                                                                                                                         

 АНДЕША. Анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ яке аз рукнҳои асосии фарҳангӣ маҳсуб ёфта, дар ҳаёти ҳар қавму миллат ба шаклҳои гуногун зуҳур меёбад. Дар ҷомеаи имрӯза маъракаҳои серхарҷ, ки солҳои қабл ба иқтисодиёти ҳар як хонадон зарари ҷиддӣ ворид мекард, хушбахтона бо қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон” садди роҳашон гирифта шуд. Ҳадафи қабули қонун пеш аз ҳама паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум буд.

Мақсад аз танзими ҷашну маросимҳои миллӣ агар аз як ҷониб рӯзгори муназзами омма бошад, аз ҷониби дигар дар меҳвари миллатсозӣ сарҷамъ намудани мардум аст. Чун имрӯз ҷаҳон пур аз тазод аст, дар ҳар рӯзу ҳар соат як забону миллате маҳв гардида истодааст. Новобаста аз ҷинс, мавқеи сиёсӣ, мансаб, миллат бояд, ки ҳамаи мо Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”- ро риоя намоем.

Мардум имрӯз хуб дарк кардаанд, ки он чизе тақозои замон аст, бояд риоя шавад. Дар ин маврид надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Файласуфи Юнони Қадим Афлотун басо ҳам ба маврид қайд кардааст, ки “Фаноёбии давлатеро мебинам, ки қонун дар он неру надошта, зери ҳокимияти касе қарор дорад. Наҷоти давлатеро дар маконе мебинам, ки қонун ҳокими ҳукмдорон аст ва онҳо ғуломи қонун ҳастанд”.

Ҳамчунин, нафаронеро вохӯрдан мумкин аст, ки “Ман аз ҳамсоя чӣ камӣ дорам?” гуфта, рӯ ба тақлиди тӯйю маъракаҳои ҳамдигар меоранд. Шароити хуби зиндагӣ надоранд, вале аз бонк қарз мегирад. Баъзан ҳолатҳо маблағи қарзиро пардохт карда наметавонад, муфлису қашшоқ мегардад. Дар ин маврид байте аз Ҷалолиддини Бахлӣ ба ёд меояд:

                               Халқро тақлидашон барбод бод,

                              Эй дусад лаънат бар он тақлид бод.

 Ҷовидон МИРЗОҚУЛОВ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg