БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ваҳдат бузургтарин дастоварди Тоҷикистони соҳибистиқлол аст!

АНДЕША. Эътироф гардидани Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳони аз хизматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин фарзанди барӯманди ватан ба ваъдаи додаи худ назди миллат вафо кард. Ваҳдати миллиро барқарор намуда, миллатро ба ягонагӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ даъват намуд.

Зикри ин нукта низ лозим аст, ки ваҳдату ягонагӣ дар шароити муосири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳифзу таҳким ниёз дорад. Мутаассифона дар ҷомеа шахсоне ҳастанд, ки бо фасод ва хиёнату бадхоҳӣ миёни дигар инсонҳо тухми бадӣ мекоранд. Чун худ дар роҳи хиёнат фирефта шудаанд, кӯшиш мекунанд ки ҳарчи зиёдтар мардумро ба роҳи хатои худ баранд. Тавре аз шбакаҳои телевизионӣ огоҳ шудем, ба наздикӣ яке аз наҳзатчиён бо номи Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, ё худ эшони Қиёмиддин боздошт гардида ба як қатор гуноҳҳои кабираи худу ҳамммаслакони хоинаш иқрор шуд. Ҳамзамон, ошкор гардид, ки “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” бахше аз созмони мусаллаҳи террористиву экстремистии “Ҳизбуллоҳ” мебошанд, ки аз тарафи Ҷумҳурии Исломии  Эрон дар хориҷи кишварашон ташкил карда шудааст. Эшони Қиёмиддин ва дигар саркардагони гуруҳи наҳзат пинҳонӣ сӯистифода аз дину оини мардум ва бовариҳои динии ҷомеа, аз тӯю худоӣ ва маргу шодии сокинон ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки худ зери шиори “амри маъруф” супоришҳои хоҷагонашонро иҷро мекардаанд. Ҳадафҳои  асосии  ифротгараёни исломӣ дар ҷомеа ин суст кардани худштносии миллӣ, қувват додани бегонапарастӣ ва дар маҷмуаи ба вуҷуд овардани ҷангу ҷидолу ихтилоф дар ҷомеа буда, аслан василаеанд барои амалишавии нақшаҳои давлатҳои абарқудрат барои идора кардани ҷаҳон. Сиёсати   Асосгузори   суҳлу   вахдати   миллӣ,  Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон    дар  тарбияи  хештаншиносии  мардум  ҳадафҳои баланди   миллатсозӣ  дорад  ва  татбиқи  амалии  он вазифаи  ҳар як шаҳрванди   бонангу  номуси  кишвар  мебошд.  Садоқат, дилсӯзӣ  ва саъйю  талоши  ҳамешагии  роҳбари  давлатро  дида, аз нав ба зиндагӣ осоишта  дилгарм  шудаем  ва  аз  он  рӯҳу  илҳоми  тоза  гирифта, пеши  худ мақсад  гузоштем, ки бо  истифода  аз тамоми  маҳорат, дониш, малака ва собиқаю таҷрибаи  корӣ  барои  пиёдасозии  мақсадҳои  наҷибе, ки  Пешвои миллат амалӣ намуда истодааст,  кулан  барои  манфиати  миллат  ва  ободии ин  сарзамини  бароямон  басо  азиз  равона  карда шудаанд, фаъолияти хешро  ба  роҳ  монем. Эмомалӣ Раҳмон, ки худ миллату Ватанро аз андоза зиёд дӯст медоранду тану ҷони хешро бе ғами Ватан тасаввур намекунанд, дигаронро низ барои расидан ба ҳамин фазилати инсонӣ ҳидоят менамоянд.

Пешвои миллат чунин гуфтаанд: «Дӯст бошед! Иттифоқ бошед!  Шукронаи ана ҳамин сарзамин кунед, шукронаи ҳамин давлат кунед! Шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред!»

Мирзоалиев Парвиз, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg