АНДЕША. Шукронаи аз пойдории давлат, доштани миллат ва дороии ваҳдати кишварро мекунам, ки чунин як давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро дорам.
Албатта вақтҳои охир тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернет мебинем, ки сару садоҳо аз тарафи гурӯҳҳои муғризони ифротгаро баланд гардида истодаасту ҷавонони Тоҷикистони моро бо дассисаву маводҳои нашргардидаи бардурӯғ, ки пур аз туҳмату буҳтонанд, бовар мекунонанд. Не! Ҷавонони азиз. Шумо зодаи даврони истиқлол ҳастед! Ва ҳеҷ гурӯҳҳои тундрав Шуморо бо чунин фиребу найранг аз дӯстдоштани миллату давлати худ маҳрум карда наметавонад. Дар урфият гуфтаанд:
Он чиз, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.
Давоми 30-соли истиқлолият аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири хизматҳои арзандаи бузургони гузаштаи мо аз тамоми ҳудуди кишвар Қаҳрамонони миллиро кишвар пешниҳод намуд. Инчунин, соли бузургдошти олимону мутафаккирони барҷастаи форсу тоҷик сартосари кишвар таҷлил гардиду аз тарафи Созмони Байналмиллалӣ пазируфта шуданд. Чандин санъати волои тоҷик ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил карда шуд. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ чи қадар иншоотҳои бузурги илмиву фарҳангӣ, саноативу иқтисодӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар бораи рафту омади шаҳрвандон агар мисол оварем: Бубинед, ки ба тамоми манотиқи кишвар роҳҳои суфтаву фарох сохта ба истифода дода шудааст, ки ҳатто ба а чор самти ҳамсоякишварҳо роҳи баромаду даромад кушода шудааст. Магар чунин ободгароиҳо аз рушду пешрафти кишвар шаҳодат намедиҳад? Давра ба давра зиёдшавии музди меҳнат ва нафақа, пешравӣ дар соҳаи маорифу фарҳанг, зиёд намудани ҳосилнокии замин, давра ба давра тақсим намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, умуман агар кадом як соҳаро таҳлил намоем дар он пешравӣ дида мешавад. Санаи 21 декабри соли 2021 дар Паёми Пешвои миллат ҳамаи ин дарҷ гардида буд. Агар нафаре аз мутолиачиёни сомонаи Фейсбук каме нисбати чунин гуфтаҳо шубҳа ва нобоварӣ дошта бошад, метавонад як маротиба матни Паёми Пешвои миллатро бихонад ва ё тариқи сомонаи Ютуб тамошо ва гӯш намояд. Дар сурати доштани дониши қазоӣ хонанда ё шунаванда ба худ хулосаи даркорӣ мебарорад. Аз ин рӯ ба тамоми ҷавонони ВМК Бадахшон муроҷиат менамоям: Ҳар яки мо агар тавонем 1 нафар ҷавони гумроҳзадаро, ки аз гурӯҳҳои ифротӣ пайгирӣ менамоянд, аз роҳ бар гардонем, ин боз ҳам боиси рушду пешрафти кишвар ва вазифаи олии шаҳрвандии мо мебошад.
Чун, ки Пайғамбари Худо Муҳаммад (с.с) фармудааст:
Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст!
Ва беҳтарин ибодат ба халқ хизмат кардан аст.
Рустам Хоҷаев, сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ