ПАНҶ. Бо мақсади иҷрои бандҳои нақшаи кории умитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва таблиғу ташвиқи самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, кормандони масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ аз замини хоҷагии ёрирасони назди ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” дидан намуданд.
Зимни суҳбат бо намояндагони ташкилоти ибтидоӣ масъулини ҳизбӣ иброз доштанд, ки самаранок истифода бурдани замин аз фарҳангу масъулияти ҳар як сокини кишвар вобастагии зиёд дорад. Ва ҳар яки моро мебояд, ки ҳар ваҷаби онро самараноку оқилона истифода намоем. Инчунин, дар доираи Аксияи ҳизбӣ «Ватан ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!» дар ташкилоти ибтиидои “Роҳсоз” аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, зиёда аз 170 бех дарахтони мевадиҳанда ва картошка шинонида шуд.