БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРӢ ВОБАСТА БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

МУЪМИНОБОД. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади расонидани муҳтаво ва шарҳу тавезҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии "Қалби пок" бо иштироки зиёда аз 120 нафар кормандон, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Мирзошарифзода Сабоҳат ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Раҷабов Абдулло иштирок намуда, ҷиҳати тарғиби сиёсати сулҳҷӯёнаву башардӯстонаи давлату ҳукумат ва дар ниҳоди ҳар як сокини кишвар тарбия намудани ҳисси ватандӯстиву донистани аҳамияти Паём ва қадру манзалати сулҳу ваҳдат суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg