ВОСЕЪ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и ҷамоати деҳоти ба номи А. Рӯдакии ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, риояи пӯшидани либосҳои мактабӣ ва миллӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои интернетӣ, дурӣ ҷӯстану эҳтиёткор будан аз ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баргузор гардид.
Зимни баромади худ намояндагони ҳизбӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуда, қайд карданд, ки Пешвои миллат ғамхори мо ҷавонон мебошанд ва махсусан мақоми занонро дар мадди аввал мегузоранд. Пешвои маҳбуби мо баҳри ояндаи дурахшони ҷавонон ҳамаи шароитҳоро муҳайё намуданд. Пас ҷовононро зарур аст, ки хубу аъло таҳсил намуда, ба кишвари маҳбубамон содиқона хизмат намоянд.