ВАХШ. Дар ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳияи Вахш бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» суҳбату вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Маҳмадов Одилҷон зикр намуданд, ки ҳар яки моро зарур аст баҳри ободу зебо гардонидани Ватани азизамон содиқона хизмат карда, дар рушду нумӯи он саҳмгузор бошем.