БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР САТҲИ НЕКӮАҲВОЛИРО БЕҲТАР МЕНАМОЯД

АНДЕША. Саноат яке аз соҳаҳое мебошад, ки барои буҷаи ҳар як давлат фоидаи зиёдеро  ворид месозад. Саноатикунонӣ ва эълон кардани минтақаҳои озоди иқтисодӣ шаҳрвандонро ба кор таъмин намуда, гардиши маҳсулотро бештар ва нархи онро дастрас менамояд. Ба кор даромадани корхонаҳои азим ва хурди истеҳсолӣ воридот ва содироти маҳсулотро бештар менамояд. Зеро ҳар як корхона барои истеҳсоли маҳсулоташ маводҳои хом ва заруриро аз хориҷ харидорӣ намуда, сипас маҳсулоти худро истеҳсол менамояд. Дар сурати таъмини бозори дохилӣ корхона метавонад маҳсулоти истеҳсолнамудаашро берун аз давлат ба фурӯш гузорад. Чунин муоимилот ва фаъолияти корхонаҳои хурди азим ба буҷаи давлат маблағ ворид месозад.

Манфиати дигари саноатикунонӣ дар он аст, ки ҳар як корхона дар заминаи худ метавонад, дигар корхонаҳои истеҳсолиро низ таъсис диҳад. Табиати кишвари мо барои саноатикунонии кишвар сарвати зиёдеро дорост. Дар сурати коркард ва истеҳсоли он сарватҳо мо ба ҳадафи чоруми давлатии худ хоҳем расид.

Мирзоев Сафаралӣ, муовини КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg