БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ИН ВАТАНУ ИН МИЛЛАТ СОДИҚ БОЯД БУД!

ВОКУНИШ. Вазъияте, ки имрӯз дар шаҳри Хоруғ ба амал омадааст, тамоми сокинони кишвар огоҳанд. Як чизи нанговараш ин аст, ки як қатор аз сокинони маҳалли вилоят, алал хусус шаҳри Хоруғ ҳимоя аз манфиатҳои гурӯҳҳое, ки барои онҳо манфиатҳои миллат ва давлат аҳамият надоранд, пуштибонӣ мекунанд.

Дархости вакилони Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ аз ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз бе асос нестанд. Дар ҳақиқат ҳар як вакил масъулият дорад, ки аз дархосту андешаҳои ҳавзаҳои интихоботии худ пуштибонӣ кунанд ва ба саҳми Маҷлиси вакилони халқ расонанд. Корҳое, ки вакилон аз ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз пешниҳод намудаанд ин масъулияти вакилиашон мебошанд. Дар ҳақиқат чи хеле, ки Бузургон гуфтаанд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Халқи азияткашидаи тоҷик дар давоми ҳастиаш бо даҳшатҳои ҳалокатовар борҳо рӯ ба рӯ шуд. Имрӯз, ки мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар ҳолати рушд қарор дошта, ҳодисаҳои шаҳри Хоруғро нодида бигирем барои ба ояндаи дурахшон умедвор доштани мо хавфу хатари зиёдро ба бор меоварад, ин амал ба гуфтаи бузургон ношукрӣ ба доди Худованд аст. Чунон, ки мегӯянд;

Шукр кардӣ неъматат бисёр шавад,

В-ар нагуфтӣ аз кафат берун шавад.

Аз ин хотир Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ-ро зарур аст, ки сари ин масъалаи басо муҳиму сарнавиштсоз бо як масъулияти баланд изҳори назар намуда, барои дар оянда саҳм гузоштан дар рушди бо устувори кишвар мусоидат намуда, барои бартараф намудани монеаҳои ба амаломада чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд ва  бо ин васила ба ин ватану миллат содиқ будани хешро бори дигар нишон диҳанд.

Шарофзода Ҳомидҷон Қодир, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg