Ш.ШОҲИН. Дар баробари шунидани вожаи сулҳу ваҳдат вуҷуди дилхоҳ ашхоси худогоҳу миллатдӯстро ҳиссиёти гуворову дилнишине фарогир мешавад.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комилро ба даст овард. Аммо нотавонбинони миллати куҳанбунёд зери таъсир, ҳимоя ва сарпарастии абарқудратҳо ва хоҷагони хориҷиашон Тоҷикистонро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашониданд. Хушбахтона, бо роҳбарии марди миллатдӯсту хирадманд ва бархе аз ҳамватанони қавииродаву матини меҳани маҳбубамон дарҳои раҳмати яздонӣ боз гардиданд.
Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «СЭС» бо кормандону аъзои муассисаи мазкур вохӯрӣ анҷом доданд.
Вохӯриро мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сунатуллоева Мавзуна, мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроия А. Ҳошимов иштирок ва суханронӣ намуданд.