БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТГИРИИ ТАБАҚАИ НИЁЗМАНД - ҲАДАФИ АСОСИИ ҲХДТ

ҶАЙҲУН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия  якҷо бо роҳбарияти ташкилоти ибтидоии “Сомонӣ”-и ҷамоати деҳоти Панҷ ба аёдату дасти кумак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманду, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат рафта, онҳоро бо туҳфаҳо дар арафаи Соли нави мелодӣ хуштабъ гардониданд.

Аз аёдати ҳизбиён аёдатшудагон болидахотир гардида, бо суханони неку пандомезашон аз хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду пешрафти Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоиста ба сокинон ёдоварӣ намуда, изҳори сипос баён карданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg