Н.ХУСРАВ. Вобаста ба амалӣ намудани супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ва дастгирии аъзои гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ба ятимону бепаросторон кумаки моливу моддӣ расонида мешавад.
Ин навбат аз ҷониби узви Гуруҳи вакилии ҳизби Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Муборакшоҳи Бозоралӣ ба маъюби гурӯҳи якум сокини деҳаи Баҳор, Рустамов Абдусалом дар арафаи Соли нави милодӣ маводи хӯрока кумак расонида шуд.
Масъулинии Кумитаии иҷроияи ҳангоми супоридани кумакҳо иштирок намуда, шахси аёдатшударо бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси ҳидоятҳои Сарвари хайрхоҳу адолатпеша ва инсонпарваронааш -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо Шумо буда намегузорад, ки қишри ниёзманди ҷомеа аз чизе танқисӣ кашанд.