БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ПЕШРАФТУ ОБОДИИ ВАТАНИ МАҲБУБАМОН САРҶАМЪУ МУТТАҲИД БОШЕМ

ВОКУНИШ. Имрӯзҳо  дар сомонаҳои  иҷтимоӣ  ҳаргуна хабару  иттилои  бардуруғӯ  фитнаангез, доир  ба  вазъи имрӯзаи  як  гӯшаи  Ватани  азизамон-  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  пахш  мегарданд, ки фарсахҳо аз  ҳақиқату  адолат    дур  мебошанд.  Ҳамарӯза  аз  барномаҳои  телевизиони  вилоят  сокинони  касбу  кори  гунугон, собиқадорону нафарони  бонангу  ори  сокини  вилоят ва  маркази он  шаҳри  Хоруғ  ходисаҳои  нангини  охирҳои  моҳи ноябри  соли  ҷориро  маҳкум  намуда, онро  ғайриқонунӣ  ва  ноодилона маънидод менамоянд.   Имрӯз як гурӯҳи фарзандони  роҳгумкардаи  амсоли  гурӯҳҳои  террористӣ-экстремистии «Гурӯҳи 24», ТТЭ  ҲНИ,  Паймони  миллӣ ҷидду ҷаҳд бар он доранд, ки ба ҳар восита доираи  гурӯҳҳояшонро фарохтар созанд ва  ба амнияти марзу буми ин кишвари тозаистиқлолу саодати ин мардуми озодандешу покизарӯзгор халал ворид намоянд. Имрӯзҳо  онҳо бозори  ҳангоматалабии  худро  гарм  сохта,  мардуми  шарифи  Бадахшонро пеш  аз  ҳама  ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои  тундгароиро дар  майнаи онҳо ҷой  карда онҳоро  ба  гумроҳӣ  бурда дар сомонаҳои    интернетӣ хабарҳои   дуруғӯ  туҳматангез, дассисаю  иғвоҳои  навбатии  худро  нисбати  давлату  ҳукумати  феълии Тоҷикистон, равона  сохта сокинони  вилоят,  бахусус маркази  вилоят  шаҳри  Хоруғро  гумроҳ  карда,  иқдомҳои   инсондӯстонаю ватанхоҳонаи Сарвари  давлатро нодида мегиранд.  Имрӯз чанд нафар  ҷавони  роҳгумзадае, ки  ба  гурӯҳхои  ҷиноӣ  ҷалб  шудаанд, аслан  зархариданд ё  бо  макру  ҳилла шомили  ин  гурӯҳи  муташаккил шудаанд, вазъи ороми  вилоятро халалдор кардан  мехоҳанд.  Онҳо бояд  ҳис  намоянд, ки  Тоҷикистони  соҳибистиқлол   мувофиқи  меъёрҳои  Конститутсияи   худ  давлати  соҳибихтиёр, демократӣ,  ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва  ягона  мебошад.  Мутобиқи  моддаи  42 –и  Конститутсия  дар  Тоҷикистон ҳар шахс  вазифадор  аст, ки қонунҳоро  риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ   шаъну  шарафи дигаронро эҳтиром  намояд.  Надонистани   қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Ҳар  шахсе, ки ҷиноят  содир  кард мутобиқи   қонунҳои  амалкунанда ба  ҷавобгарӣ  кашида  мешавад.

Мусаллам  аст, ки барои  ҳар  як  миллати  дунё доштани  Истиқлолият  шараф  аст, ки  мо  мардуми  шарифи  Тоҷикистон аз  ин  неъмати  бебаҳо  бархудорем. Ҳифз ва таҳким  бахшидани  давлтдории  миллӣ, таъмини  амнияти  кишвар ва  нигоҳ доштани  суботу  оромии  ҷомеа, вазифаи  виҷдониву имонии  ҳар як  фарди бонангу  номуси кишвар  мебошад, ки  мо бояд дар  ин  самт  сарҷамъу  муттаҳид бошем.   Боварии  комил дорем, ки  сокинони  шарафманди  Вилояти  Мухтори Бадахшони  кӯҳӣ дорои    нангу  номуси баланди  ватандорӣ, таммадуни  бой  ва  фарҳанги қадима,   ҳисси баланди миллӣ  доранд ва  бо  хислатҳои  неки  созандаи  худ пайрави  ин  гурӯҳҳои  ифротӣ  намешаванд  ва  дар  хотир  дошта  бошанд, ки  сарбаландии  ҳар  яки  онҳо  аз  ватандориашон  мебошад.   Дар  ҳама  давру  замон  зан ҳамеша нерӯи  тавонои офарандагӣ ва  саодатмандиро дорад,  аз ин  лиҳоз аз  занону   модарони  ВМКБ  эҳтиромона  хоҳиш  менамоям дар  ин  раванд низ яке  аз  қувваҳои  пешбарандаи  ҷомеа  бошанд  дар худогоҳиву хештаншиносӣ ва  дар  руҳияи  баланди  ватандорӣ  тарбия  намудани  фарзандонашон диқкати  махсус  диҳанд.

Аз  ин  рӯ  сарҷамъу  муттаҳид бошанд  дар атрофи  Сарвари  маҳбубе, ки  ҳастии худро ба  ин  миллат бахшида,  дар  мушкилтарин  лаҳзаҳо  тақдири хешро  ба  даст  гирифта, ҳифзи Ватанро аз  ҳифзи  ҷони  худ воҷибтар донист, амалест, ки  метавонад моро ба   фатҳи  марҳилаҳои  навини  далатдорӣ бо   ифтихормандию  сарбаландӣ  роҳнамоӣ  кунад.

Ализода Сураё, раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири  Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg