ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии Маркази саломатии “КАТС”-и шаҳр бо иштироки мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Каниева Низора маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 баргузор гардид.
Дар оғози маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии мазкур дар борои фаъолият дар соли 2021 шунида шуда, сипас қарорҳои лозимаро қабул намуданд.
Баромадкунандагон дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, обуна ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ», вазъи сиёсии ҷаҳон, изҳори андеша карда, ҳозиринро ба ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланд доштан дар фаъолияти ҳизбӣ талқин намуданд.