ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “СНОБ”-и шаҳр маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботии ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Расулов Азимҷон доир карда шуд.
Дар оғози маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “СНОБ”-и шаҳр Хайрулоева Умеда, дар борои фаъолияти кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2021 ва нақшаҳо барои соли 2022 шунида шуда, сипас қарорҳои лозимаро қабул намуданд.
Дар фарҷом масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилоти ибтидоӣ, коргузорӣ, назорати ҳаракати аъзои ҳизб дар назди ташкилоти ибтидоӣ суханронӣ намуданд.