БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚОМИ ЗАНОН ДАР ҲАЁТИ СИЁСИИ КИШВАР АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

АНДЕША. Бо дастгириҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси  муаззами Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  имрӯз дар ҳаёти бонувони тоҷик тағйиротҳои  ба  куллӣ  фарқкунанда ва назаррасро дидан мумкин аст.                                                  

Хушбахтии мо занон аст, ки дар ин айём зиндагӣ  ва фаъолият менамоем. Мақоми занон дар ҳаёти сиёсии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолии диёр ба марҳилаи нав расидааст. Шаҳомат ва мақоми баланди мо занон маҳсули муборизаҳои зиёд аст. Дар гӯшаи хаёл ҳам набуд, ки замоне фаро мерасад ва занон дар мақоми роҳбарият мансабҳои зиёди давлатиро соҳиб мешаванд. Мусаллам аст, ки зан ва модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихи халқи тоҷик барои пойдории нангу номуси мллӣ, рушди фарҳанг, ҳастии забон  содиқона  хизмат кардаанд. Имрӯз занон дар фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, мақоми олии қонунбарор, мақомоти интизомӣ, маорифу тандурустӣ ва ғайра нақши шоиста доранд. Онҳо дар таҳия, қабул ва татбиқи қонунҳо фаъолона ширкат меварзанд.                                                                       

Қабули як силсила Фармонҳои Президент, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консепсияҳо, нақшаву барномаҳои давлатӣ ҷиҳати таҳкими мақоми занон дар ҳаёти сиёсии кишвар, беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ баландҳимматӣ ва қадршиносии Сарвари  давлат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон нисбати зан-модарро нишон медиҳад. Қайд  кардан  ба маврид аст, ки Тоҷикистон иштироки баробари занонро дар тамоми самтҳои  ҳаёти  иҷтимоӣ  ва  иқтисодӣ  дастгирӣ менамояд. Иштироки фаъолонаи  занон дар ҳаёти сиёсии кишвар худ нишонаи болоравии худшиносиву дарки эҳсосоти баланди миллӣ мебошад. Имрӯз бонувони мо бо азму талош баҳри ширкат дар корҳои азими  бунёдкориву  созандагӣ  саҳми худро мегузоранд.             

Сарвари давлат чандин маротиба дар суханрониҳояшон қайд намудаанд, ки «Маҳз бо ҳалли масъалаи мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди ҷамъияти устувор, боадолат ва ҳаматарафа тараққикардаро орзу намоем».        

Сиёсати хирадмандона ва садоқати самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби  Халқии Демократии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занону модарон буд, ки имрӯз  бонувони тоҷик дар  қатори дигар бонувони мамлакатҳои пешрафта дар арсаи байналмилалӣ дар як саф қарор доранд. Имрӯз дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷойгаҳ ва мақоми зан боз ҳам густурдатар гардида, имконияти иштироки фаъолонаи онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоию сиёсии кишвар фароҳам оварда шудааст.               

Зани тоҷик имрӯз пешбарандаи сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат, муаррифгар ва тарғибгари сиёсати давлат, сиёсати иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ҳамзамон пешбарандаи рисолати аввалии худ-модари тоҷик аст, ки дар баробари сиёсатмадор будан, тарбиятгари фарзанд, ҳамсари меҳрубонро низ ба дӯш дорад.                                                                          

Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 21 декабри соли равон ироа гардид, бори дигар эътимоди худро  ба  занони тоҷик дода, чунин  қайд  карданд: «Нақши бонувону занон дар эъмори  ҷомеаи  демократӣ  ва  дунявӣ  хеле  бузург мебошад».                

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷо овардани иззату эҳтироми занону модарон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтаронро вазифаи ҷонӣ мешуморанд.                                                                                 

Боварӣ  кардани  Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба занони кишвар барои роҳбар будан  ва бо мақсади баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда таҳияи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030» эътиқоду боварии  комили занонро аз тарафи Президентамон бори дигар собит месозад.                                                                                      

Ин  эътимоди самимӣ мо бонувонро  бори дигар  муваззаф менамояд, ки ҷавобан ба ҳимматбаландии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  обод кардани ҳар гӯшаи диёр ва тарбияи насли наврас саҳми арзишманди  худро гузорем.

Қумриниссо Гулмуродзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ   дар шаҳри Норак                            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg