БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАНИ МО НОМУСИ МОСТ!

ВОКУНИШ. Чи тавре ки аз телевизиони Бадахшон ҳамагон дидем, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвоз дар Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оид ба сар задани бетартибиҳо дар ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ аз ҷониби сокинон, махсусан бархе аз ҷавонони бехабар ва ноогоҳ фикру ақидаҳои худашонро баён намуданд. Ва ҳамчунин дигар вакилон аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ суханҳои вакилони ноҳияҳои Ванҷ ва Дарвозро дастгирӣ намуданд.

Дар ҳақиқат минтақае, ки он ҷо бетартибиву беинтизомист он ҷо дигар  корҳои созандагӣ ва пешравиву дастовардҳо дида намешавад. Мо вақте суханони вакилонро гӯш кардем, ба хулосае омадем, ки дар ҳақиқат онҳо дуруст қайд мекунанд. То кай ин бетартибиҳоро онҳо давом медиҳанд. Ин албатта ба сатҳи иқтисодии он минтақа хеле зарари калон меоварад.

Аз аввал мардуми сарбаланди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сиёсати хирадмандона, одилона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ менамоянд. Аммо ҳастанд баъзе аз ҷавонони гумроҳ, ки имрӯз ба бетартибиву беинтизомӣ роҳ медиҳанд.

Мо ҷавонон нерӯи созанда ва пешбарандаи ҷомеа, дорои афкору ақидаҳои наву тоза, ояндаи давлату миллат ва давомдиҳандаи сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллатамон ҳастем ва бояд якҷо, муттаҳид ва сарҷамъ бошем. Як марому як мақсад дошта бошем, ки он ҳам созандагиву бунёдкорист!

Чихеле, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қайд намудаанд: «Ҷавонон бояд хуб дарк кунанд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст».

Бинобар ин ман ба ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муроҷиат мекунам, ки биёед муттаҳид бошем, сарҷамъ бошем, ба бетартибӣ роҳ надода, ин сарзамини биҳиштосоямонро мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Ватани мо модари мост, номуси мост, ҷое ҳаст, ки мо ҳар рӯз хоб меравем, мехезем, фаъолият мекунем, зиндагӣ мекунем, фарзандҳоро тарбия мекунем, обод мекунем, месозем, умр ба сар мебарем, аз обу нони ин Ватан баҳравар мешавем ва ҷое ҳаст, ки дар тамоми рӯи олам мо ҳама бо Ватанамон-Тоҷикистон ифтихор мекунем. Ватан муқаддас аст, пас мо бояд кӯшиш кунем, ки онро тинҷу ором, ободу зебо нигоҳ дорем ва албатта барои насли оянда мерос гузорем.

Саидов Илҳом, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg