ДӮСТӢ. Бо ташаббуси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Қурбонов Абдулҳафиз ва дастгирии раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Беморхонаи Ғаровутӣ" А. Саидзода ба сокини ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ, маъюби гурӯҳи якум Темуров Ҳасан кумаки яквақтаинаи ғизоӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ расониданд ва бо ӯ суҳбати самимона анҷом дода, гуфтанд, ки қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Раиси муаззами ҲХТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.