ҶАЙҲУН. Дар асоси баргузории суҳбату вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар доираи суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеа кишвар бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарзона Алиева, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насимахон Ғаффорова вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур масъулин вобаста ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, тарбияи ҷавонон дар роҳи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, омода кардани ҷавонон ба зиндагии мустақилона, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, пеш аз барпо намудани оила аз ташхису муоинаи тиббӣ гузаштани онҳо андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки оилаи солим кафолати фардои босаодат буда, моро месазад ин вожаи муқаддасро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Иштирокдорон суханрониҳои масъулинро дастгирӣ намуда, иброз доштанд, ки масъалаҳое, ки дар боло зикр гардиданд, чораандешӣ хоҳанд кард.