БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

УЗВИ ҲХДТ БУДАН ШАРАФ АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”-и ноҳия  вохӯрии навбатӣ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Алиев Зафар корманди Кумитаи иҷроияи ҳизби ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, пешравиҳои он дар замони Истиқлол, ҳизби мардумӣ будани он  ибрози назар намуда, қайд кард, ки ин ҳизб зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” фаъолияти худро ба роҳ мондааст.  Инчунин,  мавсуф дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, татбиқи аксияҳои ҳизбӣ, дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи арзишҳои миллӣ суханронӣ намуда, дар фарҷоми вохӯрӣ ба аъзои нави ба сафи ҳизб қабулшуда шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg