БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОСОИШТАГИИ ВАТАН БОИСИ РУШДИ КИШВАР АСТ!

Ба диққати кулли сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳоҷирони берун аз марзи Тоҷикистон махсусан ба ҷавонони ВМКБ чунин муроҷиат дорам:!

ВОКУНИШ. Ҳафтаи гузашта тариқи шаббакаи телевизионии “Бадахшон” ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ шоҳид гардидем, ки вакилони Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ аз ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ дар Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ инчунин, раиси ВМКБ вобаста ба вазъияти ба амаломадаи ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хорӯғ баромад намуданд. Мазмуни асосии сухани онҳо чунин буд: Дар минтақа аз тарафи шаҳвандон, ба хусус ҷавонони иғвогаре, ки пайравии гурӯҳҳои тундрав мебошанд, тинҷиву оромӣ таъмин нагардаду риояи қонуну тартибот амалӣ нагардад дар ин сурат мо мардуми Дарвозу Ванҷ ниёз ба тобеияти вилояти Хатлон ва ё тобеи ҷумҳурӣ ниёз дорем. Ба хотири он, ки аз тарафи ҷавонони гумроҳ бо дастуру дассисаҳои фармондеҳони худ ба корҳои ношоиста, аз ҷумла буридани дарахтон, халалдор сохтани фаъолияти соҳибкорон, лату кӯби кормандони ҳифзу ҳуқуқ, бо худ гардонидани силоҳ ва дигар амалҳои ношоистаро роҳандозӣ менамоянд. Қайд гардид, ки рӯз то рӯз рафтору кирдори онҳо бадтар гардида истодааст.

Акнун бародарону хоҳарони гиромӣ худ қазоват кунед ВМКБ мутобиқи Конститутсияи Тоҷикистон узви ҷудонашавандаи мамлакат мебошаду амнияти шаҳрвандони он зери ҳимояи кишвар аст. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки ба хотири оромиву суботи кишвар ривоҷ додани тамоми имкониятҳои иқтисодиву саноатии кишвар махсусан ВМКБ, ки минтақаи кӯҳсортарини кишвар ба шумор меравад, камари ҳиммат бубандему тавонем нафароне, ки оромии кишварро намехоҳанду дассисабозиҳоро пеша намудаанд, аз роҳи ғалат бар гардонем. Пайғомбари мо Муҳҳамад (с.с). фармудааст: Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст!

Биёед, ба хотири дӯстории Ватану миллат чунин ҷавонони гумроҳгаштаро аз вартаи ҷаҳолат раҳо созем!

Абубакр Ҷалолов, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg