БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“ҲАҚ ВА БОТИЛ” Ё САҲНАИ МАСХАРАБОЗӢ?

ВОКУНИШ. Яке аз роҳҳои маъмултарини ҷалби тамошобин ба ин ё он маводҳои видеоӣ ин навиштани номҳое мебошад, ки муштариро ё истифода барандаи шабакаҳои интернетиро ба худ ҷалб намояд. Ин роҳи маъмултаринро аксаран нафарони соҳибони саҳифаҳои интернетӣ “блогерон” истифода намуда, ба ин восита бинандагони худро зиёд мегардонанду аз тамошои бештари навор маблағ ба даст меоваранд ва мардум онҳоро ҳамчун соҳиби саҳифа “блогер” мешиносанд. Аммо бар ивази ин ҳастанд, нафароне, ки худро “мулло, шайх, таҳлилгар, сиёсатшинос, ғамхори мардум” ва ғайра нишон дода, дар асл кори дигар мекунанд. Яке аз он нафароне, ки блогерии худро инкор менамуд ва худро “наҷотдиҳандаи муҳоҷирин ё кишвар” нишон медод, ровии барномаҳои “Ҳақ ва Ботил”-и ташкилоти террористию экстремистии “Гурӯҳи 24”  Ҳусейн Ашӯров ё фиребгари муҳоҷирон мебошад. Мавсуф бо мақсади ноором сохтани вазъи сиёсии кишвар ва истифода аз боварии аксарияти ҷавонони ноогоҳ аниқтараш аз пайравонаш мехоҳад бо ҳар роҳу васила маблағи муфт ба даст оварад. Номи саҳифа аслан ба барномаҳояш рабте надорад ва пайваста барномаҳо бо як мазмун туҳмату буҳтон зидди роҳбари кишвар мебошаду халос. Илова бар ин ин шағоли маккор ба ҳар нафаре, ки ҳақиқатро мегӯяд, яъне аз пешрафту тараққиёти Тоҷикистони азиз мегӯяд ӯро ҳатман чоплус хонда, барои суҳбат бо чеҳра даъват менамояд. Вақте ҳар нафаре бо нишон додани чеҳрааш бо ин шағоли дассисаандоз суҳбат намудаву ҳақро мегӯяд, ин хиёнатпеша ҳатман ӯро таҳдид намудаву бо гузоштани наворҳои туҳматангезаш дар саҳифаҳои интернетӣ таҳдид менамояд. Аз инҷост, ки Ҳусейн Ашӯров нафаронеро, ки аз  сулҳу субот, пешрафту тараққиёти кишвар суҳбат менамояд, тоқати гӯш кардан накарда, нафарони ба суханҳои бофтаю дурӯғи худ боваркардаро дар студио пайваст намуда, ба таънаю маломат, туҳмату буҳтон,  таҳқир ва ҳатто дашномҳои лафзӣ менамояд, ки аз надоштани одоби суҳбат кардани он шаҳодат медиҳад. Ин ҳама барномаю саҳифаи ин саги бовафои аврупоӣ саҳнаи сиркро менамояд, ки ӯ ҳамчун як масхарабоз баромад намуда, ҳаводорону пайравонашро бо ин ҳама суханҳои бофтаю сохтааш ҷалб менамояд. Ҳар бинандаи закӣ метавонад, аз маккорӣ, оммафиребӣ, дассисаандозӣ ва ғаразҳои ботинии Ҳ.Ашӯров нисбат ба сокинони осоиштаи Тоҷикистони азиз пайбарад, зеро номбурда тамошобинро танҳо ба нооромӣ, нафратандозӣ, сангзанӣ, хиёнатпешагӣ ва билохира ба ҷанги бародаркушӣ даъват намуда, бо ин васила соҳиби обрӯ ва вазифаро дар мансабҳои давлатӣ ба даст овардан мехоҳад. Бинобар ин, набояд ҳеҷ як нафаре баҳри амалигардии ҳадафҳои шуми ин экстремист ҳаёти худро ва наздикони худро қурбон созад, зеро ободии мо дар мутаҳидии мост.

Худойдод Ёров, сармутахасиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg