ВОКУНИШ. Ҳадаф аз гурӯҳи ҷинояткори Ҳизби наҳзат ва ба Паймони зиддимиллӣ иваз намудан он ягона ин пинҳон кардан ва махфӣ сохтани ин ташкилоти муҷрим ва хоин дар назари мардуми ҷаҳон мебошад. Аммо, ҳаргиз наметавонанд хиёнати хешро пинҳон созанд ва ваҷҳи хунхӯронаи худро аз дигарон рӯпӯш кунанд. Меъморони девори каҷ рӯзе мешавад, ки аз хориҷи кишвар ҳам берун мешаванд ва чун сагони дайду на дар зери хок, балки дар партоб макон мегиранд. Калимаи террор ё терроризм, ки имрӯз дар воситаи ахбори омма ва матбуоти муосир хеле зиёд вомехӯрад, аслан маънои куштор, даҳшатафканӣ, даҳшатангезӣ, даҳшатовариро дорад.
Қисми зиёди террористон дар Шарқи мусулмонӣ ва Аврупо зери парчами исломӣ «давлати исломӣ бунёд месозем»-гуфта, ба куштору даҳшатафканӣ машғул мешаванд.
Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҳизбамон такрор ба такрор таъкид менамоянд «терроризм – дин, мазҳаб, миллат, Ватан надорад». Ва махсусан дар дини мубини Ислом нахондаем, ки инсон ба хотири ҳадафу маромҳои нопоку ношоистаи худ худкӯшӣ кунад ва туфайли худкушии худ чандин бандагони дигарро беxон намояд. Ҳам Ислом ва ҳам дигар динҳои маъмули дунё худкуширо амали нопоку ғайридин, ҳатто куфру хиёнатӣ медонанд. Пас саволе ба миён меояд, ки террористони маргталаб дар асоси кадом гуфтаҳо ва аҳкоми динӣ амал мекарда бошанд, дар сурате, ки аёдати бонуфузи дунё худкуширо зуҳуроти ғайридинӣ мешуморад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистони азизи мо шукри беҳад, ки туфайли сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Xумҳурии Тоxикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ва аҳли зиёиён, мутаффакирону донишмандон фазои сулҳу осоишта, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон аст, вале падидаҳои даҳшатноку марговари кишварҳои гуногун ба мо низ бетаъсир намемонад. Аз ин нуқтаи назар, гирифтани пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлубу даҳшатовар вазифаи хар як шахси поквиxдону халқпарвар ва ватандӯсту ояндасоз мебошад. Дунё ва зиндагӣ барои меҳнат, сохтан, бунёд кардан, чизе аз худ гузоштан ва номи наку мондан аст, на барои ҳар чӣ зудтар мурдан.
Зиндагӣ ҳаёт ин мубориза аст, мубориза ба муқобили марг. Аз ин лиҳоз, инсон қудрати бузурге дорад, ки ҳама гуна терроризму эктремизм, вандализм ва дигар «исм»-ҳои нодаркору номатлуб, харобиовар, инсон бад бинонаю зишткоронаро аз байн бардорад.
Мардуми диёр асосан ҷавонон бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, роҳи дурусти ҳаётро бо ақли солим интихоб намоянд.
Маҳмадсафарзода Мирзораҳим, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот КИ ҲХДТ дар н.Панҷ