ШАҲРИТУС. Боо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус дар деҳаҳои Ваҳдат ва Чорбоғи ҷамоати деҳоти Пахтаобод бо ҷалби аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ваҳдат» ва «Чорбоғ» ҷиҳати амалӣ намудани амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ» доир гардид.
Дар чорабинии ҳизбӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус иштирок дошта, қабл аз оғози Аксия бо сокинони ҷамъомада атрофи масъалаҳои мубрами рӯз ва мақсади баргузории чорабинии ҳизбӣ суҳбат анҷом доданд. Сипас, иштирокдорон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми Ватан ба тоза кардани дохил ва атрофи қабристон ба сафед намудани дарахтон ва деворҳои қабристон, рангубор намудани панҷараҳои гирду атрофи қабристон, тоза кардан аз алаф ва растаниҳои худрӯй, аз шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон машғул шуда, дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузоштанд.