
ҶАЙҲУН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун якҷоя бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Зарбдор» ва «Кӯҳдоман» оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳи деҳаи Зарбдор аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ” баргузор карданд.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 642 нафар сокинон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои тоза намудани гирду атрофи ин оромгоҳ бо техникаи боркаш баромада, саҳми арзандаи худро гузоштанд. Бояд қайд кард, ки ин чорабинии мазкур оид ба тоза намудани дохил ва атрофи оромгоҳҳо зери унвони “Рӯзӣ Ёдоварӣ” дар соли сипаригардида аз ҷониби ҳизбиён дар ҳамаи қабристонҳои ноҳия ташкил ва гузаронида шудааст.