Н.ХУСРАВ. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб рӯзи якшанбеи охири моҳ, яъне санаи 26-уми декабри соли 2021 Аксияи умумуминоҳиявӣ таҳти унвони «Рӯзи ёдоварӣ» дар ҳамкорӣ бо собиқадорони ҳизб, ходимони дин, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия дар 3 адад қабристони деҳаҳои ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардид.
Дар қабристонҳои деҳаҳои Арабхона ва Бешкенти ҷамоати деҳоти Истиқлол ва деҳаи Сангобаи ҷамоати деҳоти Наврӯз бо иштироки васеи сокинон Аксияи «Рӯзи ёдоварӣ» баргузор гардида, гирду атофи оромгоҳҳои деҳаҳо, тоза карда шуда, зиёда аз 100 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи арча шинонида шуд..
Дар баргузории амалиёти умуминоҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» зиёда аз 600 нафар сокинон дар тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳои деҳаҳо ва шинонидани дарахтон иштирок намуданд.