Н.ХУСРАВ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади пешгирӣ ва паҳншавии мавҷи нави бемории коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони ноҳия ҳамарӯза бо маром идома дода истодаанд.
Ин навбат оид ба пешгирӣ аз сироятёбӣ ва эҳтиёт аз хатару оқибатҳои бемории коронавирус дар ҳамкорӣ бо кормандони кумаки аввалия тиббию санитарии ноҳия дар ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, корҳои фаҳмондадиҳиро дар бораи пешгирии сироятёбӣ ба бемории коронавирус, фаҳмонида таъкид намуданд, ки яке аз омили асосии пешгирии ин беморӣ безараргардонии макони зист, риояи қоидаҳои бехатарии беҳдошт, мунтазам шустани дастон бо собун ва ё маҳлулҳои спиртдор, истифодаи ниқоб ва риояи фосила ба шумор меравад.