БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКСИНАТСИЯ ҲАТМИСТ!

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус бо усули “хона ба хона” дар якҷоягӣ бо намояндагони Маркази саломатӣ гардиш доир намуданд.

Зимни суҳбат бо сардорони оилаҳо ва дигар нафароне, ки бо онҳо ҳамсуҳбат шуданд  дар бораи иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 суҳбат намуда, иброз доштанд, ки иммунизатсия ҳатмӣ буда, ягон зараре ба инсон надорад ва ҳама дар якҷоягӣ бар зидди ин беморӣ бояд мубориза барем.

Инчунин, аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор маводҳои  тарғиботӣ барои фаҳмондани муҳимияти иммунизатсия дар намуди буклетҳо ва брошураҳо омода намуда, миёни аҳолӣ паҳн карда шуд.

Ҳамзамон, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки дар баргузорӣ ва омода нумудани дастархони идона дар арафаи Соли нави мелодӣ камхарҷ буда, дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар амал кунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg