БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА САРФАКОРИИ БАРҚ БОЯД ОДАТ НАМОЕМ

АНДЕША. Барқ яке аз неъматҳоест, ки Худованди бузург барои мардуми Тоҷикистон онро ба арзонӣ додааст. Кишвари кӯҳсори мо имконияти хуби ташкили неругоҳии обии барқиро дорад. Неругоҳҳои обии барқӣ ба мардум ва табиати кишвари мо нафъ дорад.

Бо дастуру супориш ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештари деҳаву маҳаллаҳо, кӯчаҳо бо фурӯзонакҳои муосир дар вақти шаб равшан карда шуданд. Ҳатто назди биною хонаҳои истиқоматӣ низ бо фурӯзонакҳои рангоранг оро дода шуданд. Чунин манзараро мо таи чанд сол пеш, танҳо дар филмҳои истеҳсоли хориҷӣ медидему дар ҳайрат меафтодем. Ҳоло шаҳру ноҳияҳо, ҳатто деҳаҳо бо фурӯзонак равшан гардида, дар вақти шаб ба назари бинанда зебо менамоянд.

Вобаста ба баланд шудани сатҳи некуаҳволӣ сол аз сол аҳолии кишвари мо афзуда истодааст. Аз ҷониби дигар марказҳои хизматрасониҳои гуногун вобаста ба талабот дар ҳар як манотиқ ру ба афзоиш аст. Инчунин дар ин баробар истифодабарандагони неруи барқ зиёд мегардад. Аз ин лиҳоз мо истифодабарандагони неруи барқ бояд сарфакор бошему ба дигарон низ онро таъкид намоем.

Зеро сарфакории барқ ба ҳар як нафар ва кишвари мо низ фоида дорад. Дар вақти равшаннамоии ҳуҷра ва саҳни хонаҳо истифодаи фурӯзонакҳои муосири каммасраф ба манфиати худи мо мебошад.

Нерӯи барқи истеҳсолшудаи мо табии ва зиён ба боду ҳаво, муҳит надорад. Аз ин неъмати бузург мо бояд ҳазорон бор шукр намуда, эҳтиёткорона аз он истифода намоем.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg