ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон”-и шаҳр бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 баргузор гардид.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон” Саидов Беҳрӯз, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2021 шунида шуда, доир ба он қарорҳои лозима қабул гардид.
Дар охир масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Левакант вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, дастовардҳои 30 соли Истиқлолият, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, инчунин тарзи дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ суханронӣ намуданд.