БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА НЕРӮИ МАОРИФЧИЁН

АНДЕША. Мазмуну моҳияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ саршор аз тавсифи дастовардҳои бузургу беназири  даврони  соҳибистиқлолӣ ва  суботу оромии ҷомеа буда, шаҳодати он аст, ки давлат ва миллати тамаддунсози тоҷик дар ҳалли масъалаҳои калидии ҷомеаи башар ва таъмини амнияту оромии минтақа нақши босазо доранд.
Мусаллам  аст, ки  Пешвои  миллат  дар  сиёсати  хирадмандонаи  худ  пешрафти  илму  маорифро  асос  ва  пойдевори  рушду  инкишофи  тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа медонанд. Ин  таваҷҷуҳро  дар  Паёми  навбатии  Пешвои  миллат  метавон  мушоҳида  намуд. Президенти  мамлакат  бидуни шакку шубҳа ҷойгоҳи илму маориф, фарҳанг ва мақоми китобро ҳамчун сарчашмаи дониш нисбати дигар соҳаи ҳаёти ҷомеа дар ҷойи болотарин мегузорад. Ҳамасола  баргузор  намудани  озмуни  ҷумҳуриявии  “Фурӯғи  субҳи  доноӣ китоб аст”  ва ҷалби доираи ҳарчи  васеътари  ҷомеа  аз  мактаб  сар  карда, то  мақомотҳои  маҳалливу  марказии  ҳокимияти  давлатӣ, бо  Фармони  Пешвои  миллат  аз  нав чоп  намудан  ва  то  ҷашни  30-  солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳамчун  туҳфа  ба  ҳар  як  оила  дастрас  намудани   китоби  бузурги  “Тоҷикон” собитгари ишораи болоӣ мебошад. Мо мушоҳида  мекунем, ки бо ин амали хайрхоҳонаи    Сарвари   давлат суннати китобдӯстию тамаддунпарварии миллати куҳанбунёди мо  идомаи тоза пайдо  намуда истодааст  ва бешубҳа  чунин  иқдом ба  густариши  эҳсоси   ватандӯстию  ифтихори  миллӣ  ва  болоравии  маърифатнокии  ҷомеаи   мо  ҳамаҷониба  мусоидат  хоҳад  кард.

Пешвои  муаззами  миллат  зимни ироаи   Паёми хеш   бори  дигар  аз  муҳиммияти  соҳаи  маориф  дар  шароити  имрӯза  ёдовар  шуда, чунин таъкид  доштанд, ки  масъулини соҳаи илму  маорифро  зарур  аст, ки  боз  ҳам   зиёдтар  заҳмат  кашида,  ба  масъалаи   таълиму  тарбия  афзалияти  бештар  диҳанд  ва  сатҳу  сифати  таълимро  дар  ҳар  як  муассисаи  таълимӣ,  сарфи  назар  аз  шакли  моликияти  онҳо  ва  дар  ҳамаи  зинаҳои  таҳсилот  баланд  бардоранд.

Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ- Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  Паёми  имсолаи хеш  бо  як  нерӯи  созандаву  бунёдкор  ба  мардуми  шарифи  Тоҷикистон  муроҷиат  намуда, гуфтанд:   “Вақти  он  расидааст, ки  маъракаи  бунёди  мактабу  боғчаву  кӯдакистонҳоро  вусъат  бахшида, дар  ин  кори  хайр  ҳама  якҷо  саъю  талош  кунем  ва  саҳми  худро  барои  ояндаи  давлату  миллат  гузорем, яъне  ғами  фарзандонамонро  хӯрем”

Пешвои  муаззами  миллат, барои пойдориву  побарҷоии забони  миллат  ҳамеша  кӯшишу  талош  варзидаанд, ин  аст ки дар  Паёмашон  ба  масъалаи  забондонию  забономӯзии  насли  оянда  диққат  дода  таъкид  намудаанд, ки забон  ойинаест, ки  дар  он  симои  пурҷилои  миллат  равшан  инъикос  мешавад  ва  мо  бояд  ба  қадри  ин  нишонаи  ҳастии  миллатамон  расем  ва  дар  баробари  ин, ба  омӯзиши  забонҳои  русиву  англисӣ  ҳамчун  забонҳои  муоширати  байналмилалӣ  эътибори  аввалиндараҷа  диҳем. Аз  ин  рӯ  ҳар як  фарди  бедордил  бояд  барои ғанӣ  гардидани забони  модарӣ   ва  омӯхтани забонҳои хориҷӣ  кӯшиш кунад, ба  мутолиаи китоб диққати  аввалиндараҷа  диҳад  ва  ҷиҳати баланд  бардоштани  маърифатнокии  худ  саъю талош  намояд.

Пас агар чунин аст, биёед тамоми фарзандони ҳақиқии миллат дасти ҳам гирифтаву дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар роҳи амалӣ намудани ин барномаи мукаммали иқтисодию-иҷтимоӣ, бо нияти расидан ба фардои дурахшони кишвар, зиндагии босаодати ҳар як ҳамватан қадам ба сӯйи пеш ниҳем.

Расулов Ғолиб, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg