БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ДАССИСА ВА ФИТНАҲОИ ТТЭ ҲНИ ОГОҲ БОШЕД!

ВОКУНИШ. Мусаллам аст, ки  ҷаҳонро мушкилотҳои гуногун фаро гирифтааст ва хатарноктаринаш, ки дар замони муосир густариши бесобиқа пайдо кардааст, ин ҳаракатҳои террористию экстремистӣ мебошад. Густариши ин омил пеш аз ҳама дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа хатар оварда, эътимоди мардумро нисбат ба Ҳукумати кишвар коста мегардонад. Воқеан ҳам афзоиши ин падидаи номатлуби ҷомеа ҳар як фарди солимфикрро водор месозад, ки алайҳи ин зуҳуроти хатарзо мубориза барад. Бешубҳа метавон гуфт, ки  ин падидаи хатарзо ба имрӯзу ояндаи ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунад. Имрӯзҳо низ аъзои ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ бо буҳтону айбҷӯӣ ва бехабар аз айбҳои худ дар шабакаҳои ҷаҳонии интернет рӯи саҳна баромадаанд. Ин нафарон бо аз рӯи кинаву буҳтон ба фиребу бадгӯӣ даст зада, бо нақшаҳои хоҷагонашон, ки душмани миллати тоҷиканд, мехоҳанд оромии ҷомеаи Тоҷикистонро аз байн баранд. Дар ин росто, бояд муттаҳидии миллати тоҷик барои пойдории сулҳу оромии ҷомеа ва давлатамон дида шавад. Нагузорем, ки ин бадхоҳони аҷнабӣ бо дасти ин хоинони миллат бесарусомониро ҷорӣ намоянд. Махсусан гирифтани садди роҳи ҷавонону наврасон аз ҷониби падару модар, мақомоти дахлдор, омӯзгорон ва шасиятҳои боэътимоди ҷомеа ба роҳ монда шавад. Чунки ин табақа ноогоҳона ба ин гурӯҳҳои хатарзо шомил гардида, оила ва Ватану миллати худро доғдор месозанд. Маълум аст, ки заминаи аслии пайвастан ба ин зуҳурот нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пасти маърифатнокӣ ва надоштани донишҳои сиёсӣ мебошад ва ин дар аксар ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ  пайвастаанд дида шудааст. Омили гаравиши ҷавонон аз надоштани дониши кофии сиёсӣ ва аз ин хотир ба гурӯҳҳои тундравӣ ҷомеа шомил шудани онҳо борҳо аз ҷониби мақомотҳои дахлдори давлатӣ исбот карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки ин оромӣ ва сулҳу суботи Ватан ба осонӣ ба даст наомадааст. Зараре аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки саркардагони наҳзатӣ дар солҳои 90-ум болои мардуми тоҷик оварда буданд, ҳанӯз ҳам аз хотираҳо берун нарафтаааст. Бо вуҷуди ин ҳама вазнинии зиндагӣ, дассисаю иғвоҳои навбатии ин тоифаи заиф соли 2015 ошкор шуда, ҲНИ ташкилоти ифротгарою террористӣ эълон ва фаъолияташ манъ шуд. (АМИТ «Ховар» Душанбе, 29.09.2015. Минбари халқ 30 сентябри соли 2015). Баъзе аз ин морони заҳрдори аъзои ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ дар кишварҳои аврупоӣ то имрӯз ҳамчун ҷосусон қарор гирифта, барои ноором намудани вазъи ҷомеаи Тоҷикистон ҳар роҳу воситаро истифода бурда истодаанд. Ин номусбохтагон, дар хориҷи кишвар дар итоати хоҷагонашон қарор гирифта, бо маблағи ночизе барои қонеъ кардани нафси бади худ, бар зидди миллат ва Ватани худ санг мезананд. Ин бенангӣ, беномусӣ ва хиёнаткории аъзои ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ дар таърихи давлатдориямон бояд бо ҳарфҳои сиёҳ навишта шавад.

Хушбахтона, дар ҷомеа ҷавонони фаъоле ҳастанд, ки бо дониши баланди сиёсии худ такя намуда, бар зидди ин хоинон муқобилият нишон дода, дассисабозӣ, фитнаангезӣ ва паст будани наҳзатиёнро муайян мекунад. Аммо ба таваҷҷуҳи баъзе нафарон мерасонем, ки фикр накунед, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ касе аз Ҳукумати кишвар, Пешвои муаззами миллат ва мардуми тоҷик ҳимоя намекунанд! Мо ҳозирем ҷон диҳем, лекин мушкилӣ дар бефаҳмии баъзе чалласаводон аз надоштани дониши сиёсии онҳо ва сохтакории ин палидони наҳзатӣ аст, ки ба қавли худашон он минбарҳои озоде, аз қабили “Минбари муҳоҷир”, “Паймони миллии Тоҷикистон”, “Садои мардум”, “Ҳақ ва Ботил” ва ғайра, ки дар шабакаи иҷтимоӣ ташкил намудаанд, мебошад. Чунки ин палидон бо ҷалби тақрибан 10-15 нафар роҳгумзада, зархаридони беномуси ба монанди худашон, ки дар ихтиёр доранд, озод суҳбат кардан намемонанд. Ин фирориёни наҳзатӣ чунон худро фурӯхтаанд ва ё дар хидмати хоҷагони хориҷӣ қарор додаанд, ки ҳатто аз хонаҳояшон низ берун намебароянд. Ҳамарӯза корашон хиёнат кардан ба миллати тоҷик ва дар шабакаи интернетӣ суханашон бадгӯию дассисабозӣ гуфтан аст. Зери ниқоби дини Ислом шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳо намуда, бо мақсади халал ворид намудан дар осоиштагии ҷомеаи Тоҷикистон тамоми роҳу усул ва хабарҳои бардурӯғро нисбати Ҳукумати кишвар истифода бурда истодаанд. Ҳар як нафари солимфикр инро дар амалу рафтор ва суханҳои ин палидон бояд мушоҳида кунад. Чунки ин хоинон ҳангоми суҳбат нафарони равшанфикре аз Ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат химоя мекунанд, намегузоранд, ки озод сухан гӯянд, дарҳол якчанд мушкилиро пеш меоранд:

  1. Якравӣ дар як савол, пайдарҳам саволҳо медиҳанд, савол додан намемонанд ва зиёдагӯӣ мекунанд. Магар танҳо онҳо ҳуқуқи савол додан доранд? https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=111689688012657&id=100075148796015&__cft__[0]=AZV2bDnRW0vmnOiVafX_v7myhIOGZiva6-jt8Hkc_wJoMSMUN_oPvPHIXASnDY0ZvjfdxCiKdyrJsST1ufrDKgO_YyXiiG7sH3Ki6WufczXrfNeioTydCiq2W-xWTyW65KxVdsTsrJSgKMq5LfNvbt6N&__tn__=%2CO%2CP-R
  2. Паст кардани овоз ҳангоми суҳбат ва идома додани сафсата ва дурӯғҳояшон; https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=120376330477326&id=100075148796015&__cft__[0]=AZXL9keb8vt37EJ5VuqYX3T_sk7kiqnlePLUuGJeMBJt2oPullcfhnyo5ARawrn73k4SnGTtmRgLwMp4YdiWl-ycZEpMLcb4Zb3IKYtGMqaJrM7nrzakix8Sz24bQnL3O-O2iZFOFEg3--IkDGMmOBJ2&__tn__=%2CO%2CP-R
    3. Васеъ кардани  шумораи тарафдорони худ (дигар ягон нафари муқобилро пайваст намекунанд);

https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=120013760513583&id=100075148796015&__cft__[0]=AZVJNwkWjyzbOYLWMBYRINM7h3PSmYmVWZUXdqks1dPLNPV-AZRtoOHXAj-m-0YMIPtdnz23y-DR4M8s8wDC32qVV5UegTZHRIb5k3-hwNIgK0ku7VMBCapNluCHIbjMI26lXFDUghoEqmrmeNBticfU&__tn__=%2CO%2CP-R

4. Дар ҳолати зӯромад тавре хомӯш мекунанд, то ки тамошобин пай набарад.(якравӣ ва охири видеоро бинед хомӯш мекунад)

https://www.facebook.com/permalink.php?story_fbid=110959334752359&id=100075148796015&__cft__[0]=AZXmjl1TQAtI9lQCDvI5BZIOLtFUmGdtOKt61C5mWDXco5nVSH3gcuACisfqr-ScL05DTfX043KhZY6YcycMvzUdFD6_oM5dxfEn3B1ULXaN6SWoEY2ZqYNWkQklD6g4qplzSzdiegFxog4-5SckE8Bq&__tn__=%2CO%2CP-R

Ба монанди ин дигар омилҳоеро наҳзатиён ҳангоми суҳбат дар шабакаҳои иҷтимоӣ амалӣ мекунанд, ки тарафдорони худро фаъол нишон диҳанд.

Ин ифротиёни наҳзатии бадхоҳ хеҷ гоҳ ба манфиати давлату миллат нестанд ва намехоҳанд ин ҷомеае, ки дар тӯли 30-соли соҳибистиқлолӣ ба шуҳрати ҷаҳонӣ ноил гардидааст, тинҷу ором бошад. Намегузоранд, он ноне, ки бо заҳмату меҳнатҳои пайваста дар ин солҳо ба даст овардаем тинҷу ором бихӯрем. Муҳимаш ин, ки он ҳама пешравиҳо ва  талошҳои Пешвои муаззами миллат ва мардуми кишварро баҳри ободии Тоҷикистон дидан намехоҳанд. Чунки кувваҳои манфиатҷӯй мехоҳанд, ки вазъи давлатҳои  навтаъсисёфтаи рӯ ба тараққиниҳодаро бо дасти тоифаи хоинонашон ноором сохта, аз ҷиҳати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ тобеи худ созанд. 

Бояд ҳар як фарди тоҷик донад, ин сулҳу оромии кишварамон ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар солҳои 90-ум барои ба даст овардани сулҳу оромӣ чи ҷонбозиҳо ва қурбониҳо кардаем! Ин ҳама пешравии Ватани азизамонро дар 30 соли Истиқлолият бо дарназардошти ҷанги шаҳрвадӣ, хуб дарк намоед? Ба сафсатагӯиҳои ду -се хоини дар ба дар дода нашуда, ин сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем. Чи қадар давлатҳои ҷаҳон махсусан кишварҳои мусалмоннишин аз дасти ин гурӯҳҳои бадбахти террористию экстремистӣ дар ташвишу ноороманд.  Бахти баланди мост, ки дар кишвари бо амну осоиш зиндагиву фаъолият дорем. Ҳамеша дар паи андешидани тадбиру чораҳои муосир  баҳри тараққиёти ҳамаҷонибаи кишвари маҳбубамон-Тоҷикистони биҳиштосо бошем.

Саидшо Асроров, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg