БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН - БУНЁДГУЗОРИ ҶОМЕАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

 Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. (Эмомалӣ Раҳмон)                   

                                                                                                                                                                                                        

АНДЕША. Зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Имрӯз пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки занону бонувон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Боиси хушнудист, ки дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати занону бонувон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад. Чун, зани маърифатнок метавонад, бо заковату ҳушмандӣ на танҳо мавқеи пешоҳангӣ дошта бошад, балки ҷомеаро тарбия намояд. 

Адиби машҳур Робиндранат Такур аз он изҳори ташвиш мекард, ки “Дар ҷомеа таваҷҷуҳи бештар ба писарон дода мешавад, на ба духтарон. Ин даҳшат, ин хатои ҷиддӣ аст. Бо чунин ақидаҳо ҷомеаи мо ҳеҷ гоҳ ба пеш намеравад. Маълум аст, ки дар тарбияи оила нақши зан, масъулияти ӯ бештару назаррастар аст. Пас, чаро садди роҳи таълими духтарон мешавем? Бадбахтии ҷомеа аз бадбахтии занон аст. Охир модар на ба як оила, балки ба тамоми ҷаҳон тааллуқ дорад”. Адиб дар эссеи “Таҳсили занон” таъкид мекунад, ки “ Маърифат ҳам ба зан ва ҳам ба мард баробар дода шавад: Ҳар чизе, ки лоиқи омӯхтанист, илм аст. Илм барои ҳама бояд дастрас бошад. Хоҳиши донистан қонуни табиати инсонист”.

Маърифати зан - модар ба фарзандонаш таъсири амиқ мерасонад.Зеро, агар модар китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш дода, ба модарашон пайравӣ мекунанд. Ҳатто Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон як нуктаро зикр намуданд, ки “Фарзандон аз тарбияи хуби модаронашон нависанда, адабиётшинос, иқтисодчӣ, табиб ва генерал мешаванд”. Бешак, ғамхорӣ ба зан-модар ин ғамхорӣ ба ояндаи миллат мебошад. Оянда ва ҳастии ҳама гуна давлату халқиятҳо аз занону бонувони соҳибмаърифат вобаста аст. Зеро бузурге фармудааст: Ҷомеае фаъол шумурда мешавад, ки дар он занон мавқеи пешоҳангӣ  дошта бошанд”.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯз зани тоҷик бо хираду офаридгорӣ, меҳру муҳаббат, самимият, тамкину сабр, иффату ахлоқи ҳамида, тарбиятгарию бунёдкорӣ неруи бузург ва созандаи ҷомеаро роҳнамоӣ карда метавонад. Ин аст, ки нақши созандаи зан-модар дар ҷомеаи мо эътирофшуданист ва бошад, ки ин машъалҳои роҳи маърифат ва ободкориҳоро ҳамеша фурӯзону тобанда бубинем.

 Сайёра Ҳусейнова, мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар   вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg