ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус бо усули “хона ба хона” дар якҷоягӣ бо намояндагони Маркази саломатии ноҳия гардиш доир намуданд.
Зимни суҳбат бо сардорони оилаҳо ва дигар нафароне, ки бо онҳо ҳамсуҳбат шуданд, дар бораи моҳияти иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 суҳбат намуда, иброз доштанд, ки иммунизатсия ҳатмӣ буда, ягон зараре ба инсон надорад ва ҳама дар якҷоягӣ бар зидди ин беморӣ бояд мубориза барем.
Инчунин, аз тарафи масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор маводҳои тарғиботӣ барои фаҳмондани муҳимияти иммунизатсия дар намуди буклетҳо ва брошураҳо миёни аҳолӣ паҳн карда шуд.
Ҳамзамон, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки дар баргузорӣ ва омода нумудани дастархони идона дар арафаи Соли нави мелодӣ ҷиддӣ муносибат карда, дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвар амал намоянд.