БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН - ЗАХИРАИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТИ МАМЛАКАТ

АНДЕША. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки сани 21-уми декабри соли 2021 ироа гардид, барои тамоми соҳаҳои кишвар раҳнамову мушкилкушо ҳисобида мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ дар самти ҷавонон ҳамеша диққати махсус дода, имсол низ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ бо таваҷҷуҳи хос иброз доштанд, ки насли ояндасозро минбаъд низ бо истифода аз тамоми имкониятҳо дастгирӣ хоҳанд кард. Инчунин, Пешвои миллат бо ифтихори комил дарҷ карданд, ки “Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем. Мо бо ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва барои ҳалли масъалаҳои онҳо минбаъд низ тамоми тадбирҳоро амалӣ мегардонем. Итминони комил дорам, ки ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин боз ҳам фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва рушди Тоҷикистони азиз беш аз пеш саҳм мегузоранд. Ман борҳо таъкид кардаам ва имрӯз бори дигар бо ифтихор иброз медорам, ки ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд.”  Аз ин бовариҳои Пешвои муаззами миллат мо ҷавонон руҳу илҳоми тоза гирифта, кӯшиш менамоем, ки ба ин бовариҳо сазовор ва дар пешрафт ва ҳифзи Ватани азизамон саҳмгузор бошем. Чуноне, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ёдовар шуданд, Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст. Таъкиди дигари барҷое, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ карданд, ин буд, ки ҷавонон ҳарчӣ бештар ба омӯзиши илму техника, забономузӣ ҷалб гарданд, зеро бо ҷаҳолату хурофотпарастӣ  ҷомеа ба ҷое расида наметавонад. Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад.  Бо такя ба ин таъкидҳои созанда ва падаронаи Пешвои азизи миллат сайъ ба харҷ медиҳем, то дар роҳи илмомӯзӣ, забономӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар барои наврасон воситаи ҳидоят шуда, наврасону ҳамсолонро ҳарчӣ бештар ба омӯзиши илму техника ва китобу китобхонӣ ҷалб намоем.

Нуруллоев Саъдулло, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg