ХУРОСОН. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида баргузории вохуриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон баргузор гардида истодааст.
Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон Азим ва Холов Иноят-раиси ташкилоти ибтидоии ҶДММ «Саодат» ва аъзоёну кормандон, тарафдорони ҳизбӣ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Саидзода Раҳмон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти шаҳру тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли соҳаҳои иҷтимоӣ, олимон, зиёиёни эҷодкор ва ходимони дин, ки аз 12майи соли 2018 бармеояд, инчунин оид ба сафари кории Пешвои миллат аз ноҳияҳои Данѓара ва Темурмалик, ки рўзи 2 июни соли равон бармеояд, андешаронӣ намуд.
Дар охир Саидзода Раҳмон бо тарзи ҳуҷҷатгузории, ташкилоти ибтидоии ҶДММ «Саодат» шинос гардида, оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони муттасаддӣ тавсияҳои судманд дод.