БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХОИНОНИ МИЛЛАТ ҲЕҶ ГОҲ БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД!

ВОКУНИШ. Аз тариқи васоити ахбори омма, интернет баъзан мешунавем, ки масъулини ташкилоти террористӣ- экстремистии Ҳизби наҳзати ислом ва думравони онҳо зимни мусоҳибаҳову нишастҳо дар хориҷи кишвар гурӯҳҳои сиёсии худро яке аз ду қутби тавозуни истиқрори сулҳ ва кафили ваҳдати миллӣ дар Ватани азизи мо муаррифӣ мекунанд ва ба ин васила ҳушдор доданӣ мешаванд, ки дар сурати ба эътибор нагирифтани мавқеи онҳо чамбараки амну субот дар ҷомеаи мо мувозинати худро гум хоҳад кард.

Ин ҳама ғайр аз ҳангомасозӣ ва бузургтарошӣ чизи дигаре нест, зеро  онҳо нафақат акнун, балки ҳатто дар даврони ҳассосияти вазъи сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта низ натавонистанд ҳадди ақал шинохтатарин руҳониёни кишварро дар сафҳои худ ба ҳам оваранд. Пас чи гуна метавон боварӣ ҳосил кард, ки ин ҳизби бадномшуда хостаҳои оммаи васеи мардумро дар кишвар муаррифӣ мекунад ва намояндаи як қисми мардуми Тоҷикистон аст?

Бидуни шаку шубҳа ин ҳизб як ҳизби хонаводагӣ аст, ки дар сатҳи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвари мо куллан мавқеъ надорад.

Аслан ин суханпардозиҳову ҳангомасозиҳо чизи нав нестанд, зеро барои мардуми шарифи кишвар ҳамааш ошкор аст, ки ҳизби наҳзати исломии мамнуъшуда чаро ташкил карда шуд, ҷангро чаро роҳандозӣ карданд, ҳадафи наҳзатиёну сарпарастонашон чист. Афсӯс кӣ имрӯзҳо ҳам фирориёни наҳзатӣ дар хоки бегона туҳматзаниҳою ғаразкориҳоро алайҳи Ҳукумати кишвар бо ҳар роҳу васила идома дода истодаанд.     

Ташкилоти  террористӣ- экстремистии ҳизби наҳзати ислом  ва гурӯҳҳои дигари ҳаммаслаки он, аз қабили он ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои тезу тундро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Баргузории ҳаргуна ҳамоишу роҳпаймоӣ ва мулоқоту суҳбатҳои онҳо, ки маблағҳои зиёдро талаб менамоянд, ки даст доштани сарпарастони манфиатҷӯи онҳоро ошкор мекунад. Зеро чи тавре, ки мегӯянд, пулро ки хӯрдӣ коратро нишон деҳ.

        Маълум аст, ки роҳбарияти ташкилоти террористӣ ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин бо чунин амалҳои ҳангомаҷӯёнаи худ, яъне ташкили ҳамоишу дигар чорабиниҳои бебунёд чи ҳадафҳои муғризонаеро пайгирӣ кардан мехоҳанд. Ин муддаиён агарчи зоҳиран лофи ватандорию миллатдӯстӣ мезананд, аммо дар асл алайҳи миллат ва Ватани худ талош меварзанд. Оё ҳамин аст оини ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандии онҳо?

Магар онҳо фаромӯш карданд, ки маҳз онҳо бо чунин амалҳои номатлуб се даҳсола пеш боиси шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ гардида, Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайроназор табдил доданд ва боиси марги ҳазорон- ҳазор мардуми бегуноҳ шуданд. Магар тақозои дини мубини ислом ҳамин аст?

Дар ягон давлати дунё ҳеҷ ҳизбу ҳаракати миллию созанда, ба хотири манфиати гурӯҳию сиёсии худ амнияти давлату сарнавишти миллати худро ба оташ кашиданӣ нест. Танҳо ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳампаймонҳои хиёнатпешаашон, ки иддае фирефтаи мазҳаби шиа шудаанду қисми дигар ба хотири сарват тамоми ҳайсияти худро ба фурӯш мегузоранд. Инҳо ҳамон куҳнаандешони гумроҳанд, ки мехоҳанд ниқоби нав, яъне ниқоби демократия ба бар кунанду шеваи нави ҷалби ҷавононро ба сафҳои нопоки хеш ва гурӯҳҳои ихтилофангезашон дарёфт намоянд.

Агар ба умқи масъала таваҷҷуҳ намоем, маълум аст, ки Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо бо мавқегириҳои машкуки худ имрӯз на ба дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, балки барои муҳайё намудани заминаҳои мусоиду мувофиқ ҷиҳати ворид шудани неруҳои террористӣ ва экстремистӣ ба сарзамини Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Миёнаро талош менамоянд.

Агар чунин набошад, чаро қатлу куштори бераҳмонаи пайравону аъзои ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ ба инобат гирифта намешаванд? Чаро қаллобию хиёнатҳои иқтисодии сиёсӣ ва таҳдиду таҳқирҳои пайвастаи пайравони онҳо, ки бар зидди оромию суботи давлати Тоҷикистон амал мекунанд, аз ҷониби САҲА нодида гирифта мешаванд?

 Хеле хандаовар аст, вақте, ки ду ё се нафар лаънатхондаи Ватану миллат, ки то дирӯз аз ҳам ҷудо буда, ҳамдигарро чашми дидан надоштанд, имрӯз боз ба ҳам омада бешармона аз номи ин миллат суханпардозӣ  менамоянд.

Имрӯз ҳам баъзе хоинони миллат ба мисли Кабирӣ, Иқболбии беиқбол бо кумаки зархаридони хориҷӣ мехоҳанд кишвари осоиштаи  моро ноором созанд. Бадномкунӣ, туҳматбофӣ хоси Кабирӣ ва Иқболбӣ аст, ки имону маҳзаби худро фурӯхта,теша ба решаи хеш мезанад.

Хушбахтона,   мардуми шарифи Тоҷикистону тоҷикистониён он ҳама фиребу найранг ва бозиҳои сиёсии ин «ғамхорони миллатро» хуб дар ёд дорад ва фаромӯш нахоҳанд кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ ва дилпурона изҳор доштанд, ки «Ҳарчанд истиқлоли мо ҷавон аст, вале решаҳои он ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд ва аз муборизаҳои фидокоронаи ҳазорон нафар фарзандони далеру қаҳрамони миллатамон, ки дар роҳи озодиву истиқлоли сарзамини аҷдодиамон ҷон фидо кардаанд, шодоб гардидаанд».

Бо боварии комил метавон гуфт, ки фарзандони далеру диловар ва ҷоннисори Ватани маҳбубамон ҳамеша кишвари азизу муқаддаси хешро содиқона ҳифз намуда, ба қадри ободӣ, оромиву осоиштагӣ, ҳаёти хушу хуррам мерасанд. Ман ҳамчун як шаҳрванд ин амалҳои хоинони  миллатро маҳкум намуда, боварии комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистону тоҷикистониёни азиз ҳеҷгоҳ фирефтаи чунин дассисаҳо нахоҳанд шуд.

Абдуллоев Ваҳобиддин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён                              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg