БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБИИ «ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!» ДАР МАҲАЛ

Н.ХУСРАВ.  Бо  пешниҳоди   Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав   бо  мақсади   таъмини  беморхонаи  маркзӣ    бо  барқи  доимӣ бо дастгирии  вакили  Маҷлиси  вакилони  халқи  ноҳия  Ҳусейнзода  Ғуломҷон дар  беморхонаи марказӣ  як  адад трансформатори  тавоноияш  калон  насб  карда  шуд. 

Аз трансформатори  мазкур  ҳамчунин ноқилҳои  кӯчаи   ба номи Лоиқ  Шералии  шаҳраки  Баҳори маркази  ноҳия  пайваст  карда шуда, минбаъд сокинон аз барқ самаранок  истифода  мебаранд.  Сокинони кӯчаи мазкур  аз ин  иқдоми ҳизбиён хеле  хурсанд  шуда, минатдории  худро  ба  Сарвари  давлат  ҷиҳати  беҳтар  шудани  сатҳу  сифати  зиндагии  мардум, ки  ҳамарӯза  заҳмат  мекашанд,   изҳор доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg