БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҲИДОЯТГАР БАҲРИ КОРНАМОИҲОИ НАВ БА НАВ

АНДЕША. Паёми Асосгузори сулҳу ваӽдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ  Раӽмон ба Маҷлиси Олӣ, ки чанде пеш ироа гардид, чун Паёмӽои қаблӣ барои мо, кормандони ӽизбӣ ва аъзои ӽизбу ҷонибдорони он дастуру роҳнамои фаъолият аст. Бояд тазаккур дод, ки паёми навбатии Пешвои миллат низ чун паёмӽои қаблӣ аз таӽлилу хулосабарориӽо, дастурӽои навину вазифагузориӽои оянда саршор буда, моро ба корнамоиӽои нав ба нав ӽидоятгаранд.

Пешвои миллат, Президенти Чумӽурии Тоҷикистон дар Паёмашон изӽор доштанд, ки соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.

Инчунин, дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат оид ба рушди саноати кишвар суханронӣ намуда, қайд карданд, ки “Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд”.

Вобаста ба дастури Пешвои миллат баробари роӽбарони масъул ӽамчунин мо, аъзои ӽизб, аз ҷумла соӽибкорони муваффақро лозим аст, ки баӽри амалӣ гардонидани вазифаи навбатӣ дар кори таъсиси корхонаӽои саноатӣ, таъсиси ҷойӽои нави корӣ саӽм бигиранд.

Баробари масъалаӽои иқтисодиёту иҷтимоиёт Пешвои миллат ба масъалаи хеле муӽими рўз баланд бардоштани сатҳи дониши омӯзгорон  ибрози назар намуда, таъкид намуданд, ки роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Ин имконият медиҳад, ки сатҳи саводнокии хонандагон низ боло рафта, барои омода намудани кадрҳои баландихтисос замина мегузарад.

Хулоса, мо кормандони Ӽизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастуру супоришҳои Сардори давлат, Пешвои миллат, Раиси муаззами ӼХДТ-ро дастури кори ӽаррȳзаи худ қарор дода, баӽри амалӣ гардонидани онӽо тамоми кȳшишу ғайрати худро равона хоӽем кард.

Сафар Ҳ.Р., раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg