АНДЕША. Дар Паёми худ Пешвои миллат, ки санаи 21.12.21 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа намуд, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, зан ва мақоми он дар ҷомеа вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки Президенти мамлакат зимни ироаи Паёми навбатӣ соли 2021-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда арзёбӣ намуданд.
Зимни ироаи Паёми навбатӣ бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, Пешвои миллат пешниҳод намуд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд, ки ин ҳам нишона аз ғамхории Пешвои миллат нисбати сокинон мебошад, ки онҳо бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гарданду соҳиби зиндагии шоистаи хеш шаванд.
Инчунин, аз ҷониби Пешвои миллат гуфта шуд, ки дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Аз ин нишондодҳо бармеояд, ки сол то сол некӯаҳволии мардум хуб гардида, сатҳи зиндагии сокинон тадриҷан боло рафта истодааст.
Хулоса, аз ҳамаи суханҳои Пешвои миллат, ки дар Паём ироа намуданд бараъло мушоҳида мешавад, ки ин абармарди нексиришт баҳри сулҳу субот, ободиву шукуфоӣ, тараққиёту пешравии кишвар, зиндагии шоистаи мардуми заҳматкаши он машаққатҳои зиёде намудаанд ва минбаъд низ баҳри ояндаи дурахшони Ватани азиз бо сиёсати хирадмандонаи хеш хизмат менамоянд. Ва мо низ дар баробари заҳматҳои ин марди хирад кӯшиш намоем, ки тинҷиву оромии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм нигаҳбон бошем.
Сафархони Муҳаббат, мудири шуъбаи молия, сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар н. Восеъ