ФАРХОР. Дар деҳаи Муҳоҷирободи ҷамоати деҳоти Дарқад маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз деҳаи Муҳоҷиробод иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар маҷлис сараввал муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар оид ба нақши ҲХДТ дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ибрози ақида намуда, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ҷиҳати анҷоми корҳои хайру сахо, дасти ёрӣ дароз намудан ба ятимону маъюбон, оилаҳои ниёзманду барҷомонда, ба сарфакорию сариштакорӣ рӯ овардан таъкид намуда буданд, мухтассар ба ҳозирин фаҳмонид.
Инчунин, оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуд.
Сипас, суханро ба мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Раҳмонов Далер оид ба муҳимияти масъалаҳои дар вохӯрӣ зикргардида, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои нахустини роҳбарии хеш барои баромадани мардум аз фақру камбизоатӣ ба ҳар хонаводаи кишоварзон замин бахшида буд, ки имрӯз ба унвони «Заминҳои президентӣ» шинохта мешаванд.
Воқеият нишон дод, ки он рӯзҳо маҳз чунин тадбири саривақтӣ мардумро аз хатари гуруснагӣ наҷод дод.
Дар рафти маҷлис бо пешниҳод ва овоздиҳии аъзои ҲХДТ дар деҳаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи «Муҳоҷиробод» таъсис дода шуд.