БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – нерӯи созанда ва муттаҳидсоз дар ҷомеа

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади тақвияти робита бо маҳал вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон Кумитаи иҷроияи ЊХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабов Ҷаҳонгир  бо сокинони деҳаи Яккасадаи ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус баргузор гардид.

Зимни мулоқот дар баробари ташвиқу тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин  ташвиқу тарғиби суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018, ҷашни 21-солагии Ваҳдати миллӣ ва қабули аъзои нави ҲХДТ, ҳамзамон таъсиси ташкилоти нави ибтидоии ҲХДТ дар ин деҳа буд. 

Дар мулоқот Раҷабзода Маҳмадсаид баромад карда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро фаҳмонид. 

Инчунин, оид ба суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар аз 12 майи соли 2018, ҷашни 21-солагии Ваҳдати миллӣ маълумоти мухтасар  дод.

Доир ба суханронии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид сокини деҳаи Яккасада ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси  ноҳияи Темурмалик Раҷабов Асрорҷон  андешаҳои худро баён намуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg