БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОНИБДОРИ СУЛҲУ ОРОМӢ ДАР КИШВАРИ ҲАМСОЯИ АФҒОНИСТОН ҲАСТЕМ

АНДЕША. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 декабри соли 2021 дар қазияи имрӯзаи давлати ба мо дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг, давлати Исломии Афғонистон истода гузашта, бори дигар диққати сафирону аҳли сайёраро ҷиҳати қазияи имрӯзаи Афғонистон ҷалб намуд. Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла қайд гардид, ки “Мо ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар асоси усули дӯстиву ҳамкорӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтирому эътимоди тарафайн дар минтақа мебошем ва дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд”.

Ҷоиз ба ёдоварист, ки зиёда аз бист сол мешавад, ки Тоҷикистон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон ҷалб менамояд.

Мардуми Тоҷикистон натиҷаи дахолати доираҳои манфиатдори хориҷиро, ки боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта, ба ҳалокат расидани беш аз 150 ҳазор нафар ва ятим мондани зиёда аз 50 ҳазор нафар кӯдакон гардид, ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

Маҳз бо ҳамин сабаб Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарини Афғонистон ба тақдири мардуми азияткашидаи ин кишвар бетафовут буда наметавонад.

Ҳамзамон дар Паёми навбатӣ аз ҷониби Пешвои миллат қайд карда шуд, ки “Ҳоло шаш пули дар замони соҳибистиқлолӣ дар сарҳадоти ду кишвар бунёдгардида барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми бародари Афғонистон фаъолият карда истодааст, ҳоло бори дигар иброз медорам, ки вазъияти Афғонистон ба амният ва суботу оромии минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири бевосита дорад, зеро Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр хатти сарҳад дорад, ки 60 фоизи сарҳади умумии минтақаи Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад”.

Мо низ аҳли ҷомеаи Тоҷикистон умедвор ҳастем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳукумати муваққатии имрӯзаи давлати Афғонистон ғамхориҳои Пешвои муаззами миллати моро ба нафъи ояндаи дурахшони Ватан ва мардуми азиятдидаи Афғонистон арзёбӣ ва дуруст дарк карда бошанд.

Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg