БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОНУВОНУ ЗАНОН АЗ МАДДИ НАЗАРИ ДАВЛАТУ ҲУКУМАТ ҲАРГИЗ ДУР НЕСТАНД!

«Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домони поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд».

                                                                                                                                                                                                                  Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар, ки санаи 21.12.2021 ироа гардид, бо ҳисси баланди қадрдонӣ аз  заҳматҳои занону духтарони кишвар дарҷ намуданд.  Воқеан зан- модар мавҷуди муқаддас аст, вале мушоҳидаҳо исбот намуданд, ки на ҳар давлате метавонад,  барои ин мавҷуди муқаддас кафолати таъмини амният ва баробарҳуқуқӣ дода, аз ҳуқуқу марҳамати занон пуштибонӣ намояд. Мо бонувони тоҷик шукргузор аз он ҳастем, ки бо дастгирӣ ва ҷонибдориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу ободии давлати соҳибистиқлолу озодае бо номи Тоҷикистон дорои ҳуқуқу мақоми баланд буда, баробарҳуқуқӣ ба мо кафолат дода шудааст. Зимнан дар тамоми баромадҳои худ Пешвои миллат аз занону бонувон ва заҳмату кордониҳои онҳо тавсиф намуда, ба хотири боз ҳам баланд бардоштани манзалати онҳо чораҳои зарурӣ меандешанд. Имсол низ дар Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то ба 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дастур доданд, ки дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023–2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.Чи тавре, ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар иброз доштанд, ҳоло қариб 68 фоизи кормандони соҳаи тандурустӣ, беш аз 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 27 фоизи кормандони илм ва зиёда аз 23 фоизи онҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият доранд, занону бонувон мебошанд. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд. Тибқи маълумоти оморӣ занон 49,3 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари васфу қадрдонӣ аз талошҳои бонувону занон, инчунин ба ҷо овардани иззати онҳоро низ пайваста талқин намуда, дар паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд карданд, ки “.......ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад.” Дар ҷавоб ба ҳама ғамгусориву дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат мо бонувону занон кӯшиш менамоем, то дар пешрафту беҳбуднамоии вазъи иҷтимоии кишвар саҳми худро гузошта, рисолати худро, ки пеш аз ҳама тарбияи дурусти насли наврас аст, иҷро намоем.

Моҳинави Қурбонмад, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg