БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ ОЯНДАИ МОРО ДУРАХШОН МЕКУНАД

АНДЕША. Санаи 21.12.2021 Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Дар ин Паём Пешвои миллат ҳамаҷониба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, барои беҳтар гардидани фаъолият дар ҳама самтҳо ва дастгирии шаҳрвандон дастуру супоришҳо доданд.

Дар ифтитоҳи баромад Пешвои миллат, қайд намуданд, ки “Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд”.

Мо мардуми шарафманди Тоҷикистон давлатеро сохтаем, ки аҷдодони гузаштаи мо ҳазорсолаҳо дар орзуи чунин давлат буданд. Имрӯз дар кишвари мо тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин буда, онҳо дар шароити осоишта ва якдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекунанд. Танҳо ба амният ва суботи кишвари мо таҳдиду туҳматҳои беруна халал ворид месозад. Чунин нафарони бадкирдор душмани мардум ва давлати Тоҷикистон мебошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри баланд бардоштани зиндагии мардуми Тоҷикистон тамоми шароит ва имкониятҳоро фароҳам оварда истодааст. Дар самти беҳтар кардани зиндагии шаҳрвандон тадбирҳои дахлдорро андеша менамояд. Танҳо мардуми кишвари азизи моро лозим аст, ки ҷиҳати дастур ва супоришҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти шаҳрвандии худро ба зимма гирифта, диёри хешро ободу зебо намоянд.

Таъкиди дигари Пешвои миллат, яъне “... бо гузашти солҳо вазъи ҷаҳон мураккабу печида ва таҳдиду хатарҳои муосир боз ҳам ошкору шадид гардида истодаанд. Аз ин рӯ, мо бояд аз соҳибдавлату соҳибватан буданамон доим шукрона кунем, ҳамеша ҳушёру зирак ва сарҷамъу муттаҳид бошем. Мо бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро ҳамеша дастгирӣ кунем, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия кунем, ба Ватан, миллат ва давлати худ ҳаргиз хиёнат накунем, зеро хиёнатро на Худо мебахшад ва на бандаҳои Худо”.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, музди маош, нафақа ва стипендия ба фоизҳои муайян баланд бардошта шуда, барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ омодагӣ ба  ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шуд.

Мо шаҳрвандон дар ҷодаи иҷрои дастур ва супоришҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, масъулияти ҷиддӣ эҳсос намуда, сидқан кору фаъолият менамоем.

Сафаралӣ Мирзоев, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg