АНДЕША. Барои њамаи мо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон, кормандони касбу кори гуногун боиси ифтихормандї аст, мардуми кишвар зери таъсири Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қарор доранд.
Воқеан ҳам, иштироки фаъолона ва дастаҷамъонаи ташкилотҳои ибтидоии ноҳияи Ёвон, кормандони касбу кори гуногуни ноҳия дар баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» нишонаи соҳибихтиёриву соҳибэҳтиромӣ ба давлату миллат ва хосса ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Зеро, ки Пешвои миллати Тоҷикистон бо талошу заҳматҳои худ, фидокорӣ, ғамхориҳои бесобиқа нисбати халқи Тољикистон ва иқдому ташаббусҳои созандааш ба мақому манзалати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат сазовор гардидааст. Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ давоми шаҳодати гуфтаҳои болост, зеро ки дар Паём тамоми сатҳои соҳаҳои мухталифи кишвар баррасӣ карда мешаванд.
Омӯзгорони ноҳияи Ёвон Паёмро давоми ғамхориҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат арзёбӣ намуда, аз баланд гардидани музди маоши кормандони соҳаи маориф ба андозаи 20 фоиз аз 1 июли соли 2022 хушнуд гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки ба соҳаҳои маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасолаи хеш ва аз ҷумла Паёми навбатиашон боиси ифтихору шукргузории кулли кормадони соҳаи маориф ва илм мебошад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи ҳамешагист, ки омӯзгор дар ҷомеаи мо рӯз ба рӯз ва сол ба сол ҷойгоҳу мақоми хоссаро касб мекунад. Тавре аз саҳифаҳои таърих бармеояд, дар фарҳанги миллии мо эҳтироми мардум ба пешаи омӯзгорӣ арзишманд маҳсуб меёбад. Ин ба он маъност, ки мардуми фарҳангдӯсту соҳибкитоби мо табиатан ба ҳар фарде, ки аз илму адаб, таълиму тарбия ва омӯзишу парвариш бархӯрдор аст, эҳтиром мегузоранд.
Дар Паёми имсолаи хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси қонунгузори кишвар ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил намуда, дилпурона изҳор намуданд, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси 35-солагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем.
Хурду бузурги мардуми ноҳияи Ёвон бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки дар шароити пуртазоду пурҳаводиси имрӯза ҳимояи неъмати барои ҳар як инсони баномус бузургтарину муқаддас – истиқлолу озодӣ кори саҳлу осон нест.
Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад. Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша дар паҳлуи якдигар бошем ва ҳамдигарро дастгирӣ кунем, зеро ин хислати нек ба мову шумо аз гузаштагони некномамон ба мерос мондааст.
Раҳматуллоев Мақсуд, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон