БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ НАСИМИ ҶОНБАХШ

АНДЕША.  Рӯзи  21.12.2021 пахши мустақими Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба воситаҳои ахбори омма дар сар то сари кишвари азизамон садо дод, ки онро мардуми шарифи Тоҷикистон бо эҳтироми беандоза қабул намуданд. Призиденти кишвар дар Паёми навбатии хеш, ки ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, аз тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ, иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг, тандурустӣ, соҳаи  саноати сабук нуқта ба нуқта таҳлилу баррасӣ намуданд, аз камбудиву норасоиҳо дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ изҳори нигаронӣ карданд. Баланд бардоштани мақому манзалати занро дар ҷомеа нишони эҳтироми беандоза доштани Роҳбари давлат ба мо занони хушбахти тоҷик руҳу илҳоми тоза дода,  дар Паёми навбатии  худ Пешвои миллат нисбати Зан- Модар чунин гуфта буданд: " Зан- Модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам аз домани поки Модар ба дунё омада ва бо шири ҷонбахшӯу бузург шудаанд" бо ин суханонашон фарзанди фарзонаи миллат бори дигар собит сохтанд , ки  фарзанди  ғамхору вафодори Модар аст.                                   

Инчунин, баланд бардоштани музди маоши кормандон, нафақагирон ва ятимону маъюбон бо фоизи муайян барои баланд шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуда, ғамхории навбатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишон медиҳад.

Мо занону ҷавонон бояд ҷавобан ба ҳама ин ғамхориҳо, софдилонаву содиқона паҳлу ба паҳлуи ҳам истода,  барои иҷрои супоришу дастурҳои Роҳбари арзандаи кишварамон камари ҳиммат баста, барои оромии сулҳу Ваҳдат ҳушёрии миллиро аз даст надиҳем ва ба иғвои хоинони миллат гӯш  надода, баҳри боз ҳам ободу зебо гаштани Ватани азизамон аз дилу ҷон хизмат намоем.

Давлатова Мавлуда,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони ҲХДТ дар н. Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg