АНДЕША. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шуд. Дар натиҷа танҳо дар панҷ соли охир дар дохили кишвар ба маблағи умумии беш аз 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуд, ки боиси хеле коҳиш ёфтани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ гардид.
Бо мақсади тадриҷан зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатнок мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон намудем. Дар робита ба ин, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш доданд, ки бо мақсади таъмин намудани рушди саноати дорусозӣ ва омода кардани мутахассисони дорои малакаи баланди истифодаи технологияҳои муосири дорусозӣ тадбирҳои фаврӣ ва мушаххас андешанд.
Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданиву ғайримаъданӣ, аз қабили металҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ангишт ва монанди инҳо мебошад, ки ҳаҷми тасдиқшудаи онҳо садҳо миллиард сомониро ташкил медиҳад. Моро зарур аст, ки дар ҷодаи иҷрои дастурҳои Пешвои миллат, ки аз Паёмашон бармеояд, бо масъулияти баланд фаъолият намоем.
Ибодов Д., мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар н. Восеъ