БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПАЁМИ БАХТУ САОДАТ ВА ОСУДАГИИ МИЛЛАТ АСТ

АНДЕША. Ҳамасола тамоми сокинони мамлакат аз хурд то бузург дар кишвари соҳибистиқлоли мо бесаброна интизор мешаванд, ки Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ироа мегардад.

Зеро бо иҷрои масъулияти баланди созандагиву бунёдкорӣ, сиёсати хирадмандонааш Пешвои миллат, ҳамасола ба мардуми сарбаланди Тоҷикистон зимни ироаи Паём муждае мерасонад, ки албатта ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мардуми ин сарзамини биҳиштосо заминаи мусоид мегузорад.

Ин бор низ зимни Паём баланд бардоштани нафақа, музди маоши кормандони соҳаҳои гуногун, дастгирии маъюбону ятимон, дастуру супоришҳои муфид баҳри пешравию тараққиёти кишвар боз ҳам ба рӯҳияи мардум нерӯи тавоное бахшид. Махсусан он суханҳое, ки дар бораи истифодаи телефонҳои мобилӣ  гуфтанд,  хеле ба маврид буд.

Пешвои маҳбуби миллат зимни ироаи Паём дуруст қайд карданд, ки маданияти истифодабарии телефонҳои мобилиро бояд дида бароем: "махсусан кӯдакону наврасонро бояд аз он эҳтиёт кард, зеро паёмадҳои он вазнин аст ва касилиҳои зиёд аз он пайдо мешавад.”

Хулоса, шаҳрвандони мо аз ҳар як баромад ва суханрониҳои  самимонаи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта, дар иҷрои корҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ камари ҳиммат мебанданд ва бо боварии комил гуфта метавонем, ки мардуми кишвар, аъзои ҲХДТ баҳри дар амал татбиқ  намудани дастуру супоришӽои Пешвои миллат, ӽалли масъалаӽои дар пешистода, бо масъулияти баланд кору фаъолият хоӽанд кард.

Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg