БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ МУВАФФАҚ БУДАН НАБОЯД БА ДУШВОРИҲО ТАСЛИМ ШУД

АНДЕША. Дар зиндагӣ ҳар як шахс мекӯшад, ки ба ягон дастоварде муваффақ шавад. Вале барои муваффақ шудан пайваста кӯшишу заҳмати зиёд бояд кард ва имони қавию мустаҳкам бояд дошт. Дар роҳи ноил шудан ба муваффақиятҳо шахс ба душвориҳову мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ мешавад. Вале он мушкилиҳо, монеаҳо чизе, ки набошад, набояд аз ҳадафу мақсади худ даст кашид, набояд рӯҳафтодаву ноумед шуд, фақат ва фақат ба пеш, ба сӯи комёбиҳо ҳаракат бояд кард. Чуноне, ки мегӯянд:

        Навмед набояд шудан аз гардиши айём,

       Ҳар шом, ки ояд зи пайи он саҳаре ҳаст.

Агар хоҳем, ки дар фаъолияти кории худ муваффақ шавем пеш аз ҳама бояд кори худро сидқан дӯст дорем ва нисбати он меҳрубон бошем. Ҳамаи уҳдадориҳову вазифаҳои бардӯштдоштаро софдилона иҷро намоем. Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолааш, ки санаи 21.12.21 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, таъкид намуданд, ки “Танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад моро ба ҳадафҳои олиамон расонад.” Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҳеҷ гоҳ дар роҳи расидан ба ҳадафи олии хеш таслим нашуда, фақат ва фақат бо бо азму иродаи қавӣ ва бовариву эътимод ба сӯи муваффақиятҳову музаффариятҳо талош намуд.

Дар зиндагии рӯзмарра шахсонеро вомехӯрем, ки бо андак мушкилӣ ҳадафу мақсадҳо ва орзуҳои худро дар дил дафн мекунанд. Ин шахсон имони заиф дошта, ба худ бовар намекунанд ва ё онҳо сидқан намехоҳанд, ки ҳадафҳои худро амалӣ созанд.

Як нуктаи дигар ин аст, ки вақтро бояд қадр кунем ва онро самаранок истифода намоем. Истифодаи оқилона ва дурусти вақт ин як қадами муҳим ба сӯи ҳадафҳо мебошад.

Дар охир гуфтаниям, ки ҳамаи он шахсоне, ки дар дил орзуҳо ва ҳадафҳои бузург доранд, бигзор муваффақ шаванд ва баҳри тинҷиву оромӣ, ободиву зебогӣ ва гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Мирзоева Г., мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар н. Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg